Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков аз даъвои $73 000 зидди хабаргузории "24.kg" даст кашид


Сооронбой Ҷеенбеков
Сооронбой Ҷеенбеков

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аз даъвои рӯёндани $73 ҳазор ҷуброни моддӣ аз хабаргузории "24.kg"-и Қирғизистон даст кашид. Дар ин бора дафтари матбуоти президент рӯзи 5 феврал хабар дод.

Ба гуфтаи муассиси расона Асел Оторбоева, президенти Қирғизистон ба Хадамоти иҷрои ҳукми додгоҳҳо дар ноҳияи Свердлов муроҷиат карда гуфтааст, ки аз даъвои худ зидди ин расона даст кашид.

Вале даъвои Ҷеенбеков барои рӯёндани ҷуброни моддӣ аз рӯзноманигор Кабай Карабеков пойбарҷост. "Дар ҳоли ҳозир, ӯ танҳо аз даъвои худ зидди расона даст кашидааст", - афзуд Оторбоева.

Моҳи сентябри соли гузашта дар сомонаи "24.kg" матлабе зери унвони "Сафар ба Сочӣ. Ба Кремл боз мефаҳмонанд, ки номзади онҳо чӣ бартарӣ дорад" нашр шуд. Ситоди интихоботии Ҷеенбеков ин матлабро таҳқиромез номида, ба додгоҳ шикоят бурд.

Ҷониби даъвогар аз муаллифи матлаб Кабай Карабеков ва хабаргузорӣ 5 миллион сомӣ талаб кард. Дертар додгоҳ ҳам ин шикоятро қонеъ кард.

XS
SM
MD
LG