Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ба ҳамтои фаронсавиаш Эммануел Макрон гуфтааст, ки ҳадафи амалиёти низомии Туркия дар қаламрави Сурия барои поксозии “унсурҳои террористӣ” аст, на барои ғасби доимии қаламрави Сурия.
Бино ба гузориши хабаргузории расмии Анадолуи Туркия, аз рӯзи 3-уми феврал, Эрдуғон дар гуфтӯгуи телефонӣ бо Эммануэл Макрон гуфтааст, ки Туркия ба “қаламрави ҳеҷ кишвар чашм надӯхтааст.”
Туркия рӯзи 20-уми январ амалиёти заминиву ҳавоӣ бо номи “Шохаи нахл”-ро дар минтақаи Африни Сурия ва ба зидди размандагони курд оғоз кард. Минтақа зери назорати Воҳиди Муҳофизати Мардум, як гурӯҳи курдҳои Сурия аст.
Туркия мегӯяд, дар ин амалиёт ба онҳо Артиши Сурияи Озод, гурӯҳи мухолифи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунад.
Туркия мегӯяд, ки Воҳиди Муҳофизати Мардум бо Ҳизби Коргарии Курдистон иртибот дорад. Размандагони ин ҳизб бештар аз 30 сол аст, ба зидди ҳукумати Туркия меҷанганд ва ҳизби онҳоро, Туркияву Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо созмони террористӣ медонанд.
Айни замон шарикони ғарбии Туркия дар ҷанг бо гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ бо Воҳиди Муҳофизати Мардум ҳамкории наздик доштанд ва онро гурӯҳи террористӣ намешуморанд.
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ҳафтаи гузашта дар як мусоҳибае гуфт, ки агар амалиёти Туркия, “амалиёти ишғолгарона” бошад, пас Фаронса бо он “мушкили ҷиддӣ” хоҳад дошт.
Баъди ин баёния, Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия гуфт, ки бо ишора ба таърихи ишғолгарии Фаронса гуфт, ин кишвар ягон ҳаққи “дарс додан ба мо” дар робита ба амалиёти фаромарзиро надорад.
Пештар аз ин хабар, гузориш шуд, ки Туркия рӯзи 3-уми феврал дар ҷанг ба зидди размандагони курд дар Туркия 7 сарбозашро талаф додааст.
Вебсайти хабарии курдии Рудов, бо такя ба гуфтаҳои артиши Туркия навишт, ки 5 сарбозаш дар натиҷаи ҳамла ба тонки онҳо кушта шудаанд. Ду нафари дигар дар бархӯрдҳои алоҳида ҷон додаанд.
Ҳамингуна Туркия дар амалиёт дар минтақаи Африни Сурия то кунун 14 сарбозашро талаф додааст.
Айни замон, як мақоми расмии ҳукумати Туркия гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башарро рад кард, ки рӯзи 3-уми феврал гуфт, посбонони курд, яксара ба сӯи паноҳҷӯён аз Сурия тир меандозанд ва баъзе аз онҳоеро, ки мехоҳанд, вориди Туркия шаванд, пас мегардонанд.
Иброҳим Қолин, сухангӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба хабарнигорон гуфт, сарбозони Туркия барои муҳофизати он мардум дар марз истодаанд ва Анкара аз замони оғози ҷанг дар Сурия дар соли 2011 сиёсати “дарҳои боз”-ро пеш гирифтааст.
ЧАНОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛИ, ИН КИ ШУМО РАИСИ ШАХРИ МО ХАСТЕД ВА БА ЧОИ ПАДАРАТОН ХОХЕД НИШАСТ, МО ХЕЛЕ ХУРСАНДЕМ, ВАЛЕ МАН ЯК ЧИЗРО НАМЕФАХМАМ, КИ БА ШУМО МАШВАРАТ (СОВЕТ) МЕДИХАД,КИ ХОНАХОИ КАД-КАДИ РОХХОРО ЧАППА КАРДА БА ЧОЯШОН ХОНАХОИ НАВ СОЗЕД, ХОЛ ОН КИ ИН ХОНАХО 200 СОЛИ ДИГАР НИЗ ХОХАНД ИСТОД. МАГАР БА ШУМО МАЪЛУМ НЕСТ, КИ ХАМИН ШАХР АЗ РОХБАНДОН ( ПРОБКА) БЕЗОР ШУДААСТ, ХОЛО КИ КАД-КАДИ РОХ ХОНАХОИ ОШЁНАПАСТ ХАСТАНД, ДАР МАВРИДИ ОНХОРО БО ХОНАХОИ БАЛАНДОШЁНА ТАБДИЛ ДОДАН ХОЛИ ИН ШАХР ЧИ МЕШАВАД? МАСАЛАН, ДАР ЯК БАРОМАДАН БА ЧОИ 50 МОШИН, ЯКУ ЯКБОРА 200 МОШИН МЕБАРОЯНД, ХОЛИ РОХХО ЧИ МЕШАВАД? ОН БИЗНЕСМЕНХОИ ХАРОМХУРРО АЗ НАЗДАТОН ДАФ КУНЕД . АМОН ХОНАХО ХАМ СОХТА ШАВАНД, МАРДУМИ ОДДИ КУДРАТИ ОНХОРО ХАРИДАНРО НАДОРАНД, ВАКТЕ КИ 3 ХУЧРАГИ 1200000000 ( ЯК МИЛЛИОНУ ДУСАД ХАЗОР СОМОНИ) АРЗИШ ДОРАД. КАМТАР КАЛЛАРО КОР ФАРМОЕД, КАЛЛАРО ВА БА ЧАППА КАРДАНИ ХОНАХОИ ЛАБИ РОХХО ХОТИМА ДИХЕД.
Чаноби Путин, курраи замин( ба кавли шумо земной шар) моли падаратон нест, ки бо хар кас ва хар давлате чи коре, ки хохед кардан мегиред. Замонаш мерасад, ки Шумо дар назди мардуми Украина чавоб хохед гуфт. Хатто давлату давлатчахои Европа, ки аз 4 то 5 миллион ахоли доранд, шумо ва давлататонро тахрим кардаанд, вале шумо алайхи тахримхои онхо коре карда наметавонед, харчанд, ки артиши кави доред.Бало занад хамон артишатонро, ки зураш факат ба Точикистону Туркманистон мерасад.
Манфиати худ не , манфиати миллатро химоя намуда истодааст ?????? Ё ту девона асти ё худатро ба девонаги зада истодаи ё инки хаёл мекуни тамоми миллат беакл астан ва шабро аз руз фарк намекунанд ... Магар одамоне , ки бегунох кушта шуданд аз ин миллат набуданд ??? Ё инки онхо Киргиз будан ва ба хоки Точикистон даромаданд ?! Хести ки хоби додари акаш !!!! Инро террор мегуянд террор нисбати ин миллати зудбовар. Миллат бовар кард Ки кормандони хифзи хукук , хукукхои онхоро химоя мекунад на инки берахмона тир мекушояд тарафашон ... Дунё гузаро аст, ва онхое бегунох кушта шуданд кахромонона барои озодии зодгохашон баромаданд ... Ёдашон ба хайр бод шермардони Бадахшони азизи хамаи мо точикон
Путин 2-млн тоҷикистониро дар Россия ба ғуломӣ фаро гирифтааст, аз пешрафти давлати худаш метарсад, Тоҷикистонро ҳам ба маҷрои суқут ҳамроҳ кардааст. Зиҳӣ ғулом-народ, зиҳӣ ғуломон
Гуё дар худамон нарх арзон бошад? Озоди вактхои охир аз эрону руссияву хитой факат айбкови мекуни ба хар хол дар эрон бензин 12 сомону газ 6.30 нест