Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ноқаноатмандии Раҳмон ва Ҷеенбеков аз ҳамкориҳо. ВИДЕО


Сооронбей Ҷеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.
Сооронбей Ҷеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сооронбой Ҷеенбеков, ҳамтои қирғизаш дар шаҳри Душанбе бо имзои 8 санади ҳамкорӣ ба поён расид. Ду раҳбар рӯзи 1-уми феврал дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба сӯҳбат карда ва аз ҷумла гуфтанд, ки корҳо барои таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар, як масъалаи ҷанҷолӣ, суръат бахшида шавад.

Сооронбой Ҷеенбеков баъди расидан ба мақоми раиси ҷумҳур дар соли гузашта аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кард.

Комиссияи мазкур чанд сол боз аст, ки кор мекунад, вале ду тараф дар таъйину аломатгузории сарҳади ҷанҷолӣ пешрафте накардаанд. Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи ду кишвар 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд.

Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз бахусус дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғд ва Ботканд, борҳо сокинон барои обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд ва чанд нафар ҳам дар муноқишаҳо кушта шудаанд. Ҳадафи яке аз 8 санаде, ки ду тараф имзо карданд, маҳз барои ҷилавгирӣ аз ҳамин муноқишаҳо аст.

Ин санад, “Барномаи ҳамкорӣ байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Қирғизистон дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ дар солҳои 2018-2020” унвон дорад.

Дигар санади муҳиме, ки ба имзо расидааст, “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст, ки ҳанӯз ҷузъиёти онро ба хабарнигорон шарҳ надодаанд.

Изҳори ноқаноатмандии Раҳмон ва Ҷеенбеков аз ҳамкориҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Пас аз имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷээнбеков натиҷаи музокиротро барои рушду густариши ҳамкорӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон неку назаррас арзёбӣ карданд. Ду тараф гуфтанд, ки ҳамкориҳояшонро дар бахшҳои обу энержӣ, тандурустӣ, тарҳи “CASA-1000 тақвият мебахшанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбей Ҷеенбеков гуфтаанд, ки аз табодули мол ва тиҷорат миёни ҳарду кишвар қаноатманд нестанд.

Президентҳои ба ғайр аз изҳорот дар бораи имзои санадҳои ҳамкорӣ ба суолҳои хабарнигорон посух надоданд.

Сооронбой Ҷеенбеков баъди расидан ба мақоми раиси ҷумҳур дар соли гузашта аввалин бор ба Тоҷикистон сафар кард.

Тоҷикистону Қирғизистон, ки ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ ҳастанд, дар масоили минтақавӣ мавзеъгириҳои шабеҳ доранд, додугирифташон ҳам зиёд аст. Ду тарафро ҳоло умед ба тарҳи КАСА-1000 бастаанд, ки қарор аст, нерӯи барқи изофии ҳарду кишварро дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон интиқол бидиҳад.

XS
SM
MD
LG