Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгари зидди ҳиҷоб дар Эрон аз зиндон озод шуд


Зани эронӣ, ки чодарро аз сар бадар кард
Зани эронӣ, ки чодарро аз сар бадар кард

Зане, ки моҳи гузашта дар Теҳрон баъди эътирози зидди ҳиҷоби иҷборӣ боздошт шуда буд, аз зиндон озод шуд. "Духтари дар хиёбони Инқилоб боздоштшуда, озод шуд", - навишт вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқ Насрин Сутуда дар саҳифаи Фейсбук.

Навори зани беҳиҷоб дар хиёбони Инқиболи шаҳри Теҳрон 27 декабр дар Интернет нашр шуд. Номи ин зан зикр намешавад. Ӯ дар навор хомӯшона рӯймоли сафедро алвонҷ медиҳад ва ошкоро зидди ҳиҷоби иҷборӣ эътироз мекунад.

Насрин Сутуда хабар дод, ки барои огоҳӣ пайдо кардан аз парвандаи зани боздоштшуда ба додситонӣ рафтааст, вале дар додситонӣ гуфтанд, он занро 27 январ раҳо кардаанд. "Ман умедворам, ки нисбати ӯ парванда накушодаанд ва барои амалисозии ҳуқуқҳои табиияш ба вай зиён нарасондаанд", - навишт Насрин Сутуда.

XS
SM
MD
LG