Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳзодаҳои Арабистони Саудиро аз ҳабс озод карданд


Макони боздошти шоҳзодаи миллиардери Саудӣ Ал-Валид бин Талол
Макони боздошти шоҳзодаи миллиардери Саудӣ Ал-Валид бин Талол

Мақомоти Арабистони Саудӣ тамоми шоҳзодаҳо ва мансабдорони баландпояро, ки дар чаҳорчӯби парвандаи фасодкорӣ боздошт шуданд, озод карданд. Онҳо ду моҳро дар меҳмонхонаи панҷситорадори Ritz Carlton таҳти боздошт сипарӣ карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи сешанбе бо такя ба манбае дар сохторҳои салтанатӣ гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, меҳмонхона, ки ду моҳ боз дараш баста буд, миёнаҳои моҳи феврал ба қабули меҳмонон оғоз мекунад.

Пештар аз ин маълум шуд, ки шоҳзода Ал-Валид Талол - бойтарин одами ин кишвар, ки аз рӯи фарзияи Forbes ба рӯйхати садгонаи бойтарини ҷаҳон шомил аст, аз ҳабс озод шуд. Шарту шурути озодшавии ӯ маълум нест. Ба гуфтаи Wall Street Journal мақомоти Саудӣ барои озодии ӯ 6 миллиард доллар талаб карданд.

Моҳи ноябри соли 2017 кумитаи мубориза бо фасодкорӣ, таҳти сарварии шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Саломон амри боздошти 40 мақоми баландпояро содир кард, ки дар байни онҳо аъзо хонаводаи салтанатӣ ҳузур доштанд. Аз рӯи ин парванда мақомоти шоҳигарӣ беш аз 200 нафарро бозпурсӣ карданд. Боздоштшудаҳо ба меҳмонхонаи Ritz Carlton интиқол ёфтанд. Баъзеҳо аз гумонбар ба шоҳид табдил шуданд ва аз ин макон берун рафтанд.

Миёнаҳои моҳи январ Риёз аз боздоштшудаҳо талаб кард, ки бо давлат созиш кунанд ва барои ба додгоҳ нарафтани парванда маблағҳои бузург супоранд. Ба гуфтаи Bloomberg ҳудудан сад нафар ин пешниҳодро пазируфт ва ҳамин теъдод аз он даст кашид. Мақомоти салтанатӣ барнома доштанд, ки дар чаҳорчуби ҷуброни ихтиёрии хисороти фасодкорӣ, аз боздоштшудаҳо камаш 100 миллиард ба даст биёранд.

XS
SM
MD
LG