Мақомоти милисаи вилояти Хатлон сабаби марги Зуҳуршоҳ Ҷалолов, сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадониро шарҳ доданд.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохилии Хатлон, рӯзи 30-юми январ гуфт, ки Зуҳуршоҳ охири моҳи декабри соли гузашта, баъди муноқиша бо падараш, дар айни қаҳру ғазаб худро ба дарё партофтааст. Аммо дар бораи ҷанҷол тафсилоте надод.
Ҷасади Зуҳуршоҳро рӯзи 30-юми декабр дар ҳудуди вилояти Тахори Афғонистон ёфт шуд. Ҷасади ӯ дар оғози моҳи январ дар зодгоҳаш дафн шуд.
Шараф Ҷалолов, бародари калонии Зуҳуршоҳ, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вай як рӯз пеш аз “гум шудан” хоҳиш карда буд, барояш кӯлча бипазанд. Гуфтааст, ки мехоҳад ба Душанбе биравад.
Шараф Ҷалолов гуфт, ки дар ҷасади бародараш ҳеч нишонаи худкушӣ ё марги маҷбуриро надиданд.
Дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва тафтиши онро додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ пеш мебарад.