Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никки Ҳейлӣ "Grammy"-ро барои китоби "Оташу хашм" танқид кард


Ники Ҳейлӣ - намояндаи Амрико дар СММ

Намояндаи доимии Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ аз дастандаркорони ҷоизаи "Grammy" даъват кард, ки мусиқиро бо сиёсат олуда накунанд. Изҳороти Ҳейли рӯзи 28 январ, баъди анҷоми маросими супурдани ҷойизаҳо пахш шуд.

Дар ин маърака наворе ба намоиш гузошта шуд, ки дар он чеҳраҳои машҳур почаҳоеро аз китоби "Оташу хашм", ки маъракаи интихоботӣ ва моҳҳои аввали раҳбарии Доналд Трамп тасвир мекунад, қироат карданд. Дар байни чеҳраҳои шинохта довталаби пешини мақоми президенти Ҳилларӣ Клинтон низ ҳузур дошт. Ба гуфтаи Ҳейлӣ ин навор бо қироати порчаҳои китоб ҷоизаро нобуд кард.

Китоби "Оташу хашм" рӯзи 9 январ ба фурӯш даромад. Муаллифи китоб, рӯзноманигори мустақил Майкл Вулфф аст, ки барои навиштани он бо беш аз 200 нафар сӯҳбат кардааст. Яке аз ровиҳои асилии китоб мушовири пешини Доналд Трамп Стив Бэнон аст. Китоб дарҳол пурфурӯш шуд ва гуфта мешавад, ки аз рӯи он филм мебардоранд.

Маъмурияти президенти Амрико китобро танқид кард. Худи Трамп онро дурӯғин номид. Ҳоло китоб чоп нашуда буд, ки вакилони Трамп аз муаллиф талаб карданд, ки онро аз чоп бардорад. Дар посух ин китоб чанд рӯз пеш аз барнома нашр шуд.

Видеоҳои охирин

Беқурбшавии сомонӣ воридотро душвор кардааст.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:55 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG