Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Душанбе гуфт, ки Додгоҳи иқтисодӣ майдон насозад


Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон

Ҳукумати шаҳри Душанбе Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистонро аз масъулияти сохтмони як майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт озод кардааст.

Қаблан дар расонаҳои хабарӣ иттилое пахш шуда буд, ки Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз ҳар як судя талаб кардааст, барои сохтмони ин иншоот дар Душанбе 18 ҳазор сомонӣ маблағ супоранд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, охири ҳафтаи гузашта гуфт, дар маъмурияти шаҳр низ аз ин ҳолат танҳо аз саҳифаҳои матбуот маълумот пайдо карданд ва ҷой доштан ё надоштани онро тасдиқ ва ё рад карда наметавонад. Бо ин вуҷуд, Зувайдзода гуфт, шаҳрдорӣ аз иқдоми Суди олии иқтисодӣ дар сохтмони ин майдончаи варзишӣ даст кашид.

Ӯ гуфт, “мо ягон нафарро барои сохтмони ин майдончаҳои варзишӣ маҷбур насохтаем. Ман низ ҳамин гуна хабарро аз саҳифаҳои матбуот хондам. Баъд аз ин, ба унвонии Додгоҳи олии иқтисодӣ мактуб фиристодем, ки ҳамин майдончаро насозанд. Як нафар соҳибкор айни замон бо хоҳиши худ ба сохтмони ин майдончаи варзишӣ шурӯъ кард.”

Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба симати раиси шаҳри Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 48 вазорату идораҳоро муваззаф намуд, ки дар шаҳри Душанбе майдончанҳои варзишӣ бунёд кунанд. Ҳатто идораву вазоратхонаҳое, ки корашон ба сохтмон ва меъморӣ ҳеч рабт надорад, дар шаҳри Душанбе майдони варзишӣ, роҳ ва ё майдончаи кӯдаконаеро бунёд карданд. Соли гузашта дар Душанбе беш аз 70 майдончаи варзишӣ бунёд шудааст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 14-уми ноябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG