Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар эътирозҳои Русия дастикам 350 нафар боздошт шуд


Тарафдорони Навалний
Тарафдорони Навалний

Бино ба иттилои пешакӣ, рӯзи 28 январ, дар "Эътирози интихобкунандагон"- и Русия камаш 350 нафар боздошт шуд. Дар ин бора тарҳи ҷамъиятии "ОВД-Инфо" иттилоъ додааст.

Дар шаҳри Москва 16 фаъоли маданӣ, аз ҷумла мухолифи рус Алексей Навалнийро боздошт карданд. Навалний баъдтар аз шуъбаи пулиси "Якиманка" шартан шуд.

Баъзе аз тарафдорони Навалний дар манотиқи Русия ҷарима ё ба муддати 10 рӯз ҳабс шуданд.

"Эътирози интихобкунандагон" рӯзи 28 январ дар даҳҳо шаҳри Русия баргузор шуда, дар он садҳо одам иштирок карданд. Бузургтарин таҷаммуъи эътирозӣ дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург баргузор шуд. Пулис аз фаъолон хост, пароканда шаванд. Вале боздошти дастаҷамъона сурат нагирифт.

Навалний "Корпартоии интихобкунандагон"-ро дар эътироз ба мамнуъ будани иштирокаш дар интихоботи президентии моҳи марти Русия баргузор кард. Мухолифи рус ин интихоботро ноодилона номида, аз ҷонибдоронаш даъват дорад, ки онро таҳрим кунанд.

XS
SM
MD
LG