Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳволи пулҳои рақамӣ аз ҷумла Биткойн бад шуд


Акс аз бойгонӣ

Баъди дуздии як навъи пули рақамӣ бо арзиши 530 миллион доллар ва ё 58 миллиард йен, қурби чунин пулҳо дар саросари ҷаҳон поин омад.

Койнчек, як ширкати ҷопонӣ, ки бо пулҳои рақамӣ муомила мекунад, рӯзи 26-уми январ гуфт, ки рахнагарони интернетӣ 530 миллион доллар NEM- ро дуздидаанд, ки даҳумин пули рақамии шинохта дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Койнчек баъди дуздӣ фурӯшу пардохти NEM- ро қатъ кардааст ва ҳам муомила бо дигар асъори рақамиро маҳдуд кардааст. Койнчек гуфт, арзёбӣ доранд, ки чӣ қадар муштариёнашон дар натиҷаи ин рахнагарӣ зарари молӣ дидаанд.

Мақомоти ширкат гуфтаанд, талош доранд, ки пулҳои рақамиро аз дохили Ҷопон дуздидаанд ва ё берун аз он. Баъди ин қимати Биткойн, маъруфтарин пули рақамӣ дар ҷаҳон бештар аз 2 дар сад поин рафт. Ҳоло як Биткойн тақрибан 10 900 долларро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Депутати маҷруҳи қирғиз дар Суғд бистарӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG