Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон мотами миллӣ эълон шуд


Бобмгузорӣ яке аз ҳамлаҳои хунинтарин дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон аст.
Бобмгузорӣ яке аз ҳамлаҳои хунинтарин дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон аст.

Ҳукумати Афғонистон ба хотири гиромидошти ёди қурбониёни ҳамлаи хунини рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Кобул, мотами миллӣ эълон кард. Дар натиҷаи бомбгузорӣ дар ин рӯз дар пойтахт бештар аз 100 нафар кушта шуданд.

Бар асоси амри раиси ҷумҳур, парчамҳои Афғонистон дар идораи давлатӣ ва дар сафоратхонаҳо дар хориҷ нимаафрошта буданд. Айни замон дафни қурбониёни ҳамла идома дорад.

Вайс Бармак, вазири умури дохилии Афғонистон рӯзи 28-уми январ гуфт, теъдоди қурбониёни ҳамла дар Кобул ба 103 нафар расид. Ба қавли ӯ 235 нафари дигар ба шумули 30 маъмури пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толиб гуфт, ки бомбгузории маргбор кори дасти гурӯҳи онҳост. Ба гуфтаи мақомот, бомбгузорон мошини ёрии таъҷилии тиббиро гирифта ва тавонистаанд, бе мамониат аз посгоҳҳои амнияти гузаранд ва онро дар майдони Садорат, дар наздикии идораҳои давлатӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ тарконанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, қудрати таркиш ба ҳадде будааст, ки хонаҳои садҳо метр дуртарро ҳам такон додааст.

XS
SM
MD
LG