Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

95 кушта ва 158 захмӣ. Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз вебсайти президент
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз вебсайти президент

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба хонаводаи қурбониёни инфиҷори хунин дар Кобул ибрози ҳамдарӣ кардааст. Дар инфиҷори рӯзи 27-уми январ дар як маҳалли серодами Кобул 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд.

Видео аз маҳалли ҳодиса:

Беш аз 250 кушта ва захмӣ дар таркиши Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Оқои Раҳмон рӯзи шанбе дар номае ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ гуфтааст, ин хабарро бо андуҳи зиёд дарёфт.

“Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи марговари ифротиён дар шаҳри Кобул боис ба андуҳи беандозаи мо гардид”, - афзудааст ӯ.

Ҳақнавоз Ҳақёр, муовини раиси Идораи пулиси Кобул, гуфт, ҳамла дар майдони “Садорат”, дар наздикии биноҳои давлатӣ, сафоратҳо ва фурӯшгоҳҳо рух дод. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ҳамлагар барои убури минтақаҳои назоратӣ аз мошини “Ёрии таъҷилӣ” истифода кардааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “маргталаб бо мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и пур аз маводи тарканда аз нуқтаи аввали назоратӣ гузаштааст. Замоне ки пулис дар нуқтаи дувум ӯро шиносоӣ кард ва хост ҳадаф қарор диҳад, маводи таркандаро ба кор даровардааст.”

Ин инфиҷор баъд аз як ҳафтаи ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар Кобул сурат гирифт. Дар он ҳамла 25 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG