Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Кент: Кормандони мо дар Покистон таҳти фишоранд


Томас Кент
Томас Кент

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ибрози нигаронӣ кард, ки баъди баста шудани дафтари “Машъал”, бахши покистонии ин радио, кормандонаш зери фишор қарор гирифтаанд. Томас Кент, президенти Радиои Озодӣ, рӯзи 26-уми январ гуфт, мақомоти покистонӣ саъй мекунанд, кормандони ин дафтарро маҷбур созанд, ки алайҳи муассиса баёнот диҳанд.

Вазорати умури дохилии Покистон ҳафтаи гузашта дафтари радиои “Машъал”-ро дар Исломобод баъди он баст, ки идораи истихбороти Покистон ин радиоро ба нашри барномаҳои зиддиҳукуматӣ муттаҳам намуд.

Покистон рӯзи 26-уми январ барои бастани дафтари “Машъал” далели дигар пеш овард. Муҳаммад Файсал, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон, дар нишасти хабарии ҳафтаинаи худ гуфт, чун дафтари “Машъал” муҷаввизи фаъолият надошт, баста шуд.

Радиои “Машъал” як ниҳоди хусусии нашаротист, ки аз тарафи Конгресси Амрико ҳимояти молӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG