Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрими нави Амрико алайҳи шаҳрвандону ширкатҳои Русия


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи ҷумъа алайҳи 21 шаҳрванд ва 9 ширкати Русия таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Мақомоти Амрико дар шарҳи сабабҳои таҳрим гуфтанд, ки ин шаҳрвандон ва ширкатҳои Русия дар низои шарқи Украина дахил ҳастанд.

Низоъ дар шарқи Украина наздик ба чаҳор сол боз идома дорад.

Таҳримҳои нав дар ҳоле эълон шуд, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 26-уми январ бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Укриана дар шаҳри Давоси Швейтсария мулоқот кард.

Дар ҳамин ҳол, Курт Волкер, намояндаи вижаи Амрико барои хатми низоъ дар Украина, рӯзи ҷумъа бо ҳатои русаш Владислав Сурков дидор кард ва рӯи роҳҳои ҳалли низоъ баҳс намуд.

XS
SM
MD
LG