Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон мубориза бо ВИЧ-ро сахттар карданд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, охири ҳафта санадеро имзо гузошт, ки мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ-ро дар ин кишвар сахттар мекунад. Яке аз чораҳои ҷилавгирӣ аз вирус кор бо муҳоҷирони корӣ ва хонаводаи онҳо гуфта шудааст.

Бино ба ин санад, маблағгузорӣ барои хариди доруҳои зиддивирусӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин доруҳо барои мубталоёни ВИЧ дода мешавад.

Инчунин, кӯдаконе, ки аз занони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ба дунё омадаанд, бо шири хушк таъмин хоҳанд шуд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Узбекистон беш аз 32 ҳазор афроди мубталои ВИЧ сабт шудаанд.

Дар Тоҷикистон расман беш аз ҳафтуним ҳазор нафари олуда ба ВИЧ сзиндагӣ мекунанд, ки 4 ҳазори онҳо марданд. Маркази мубориза бо СПИД-и назди вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2004 ба ин тараф аз занони гирифтори ВИЧ беш аз ҳазор тифл ба дунё омадааст.

Рӯзи 26-уми январ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли паёмак аз муштариёни худ хостаанд, ки аз ташхиси вируси норасоии бадан бигузаранд.

XS
SM
MD
LG