Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 250 кушта ва захмӣ дар инфиҷори Кобул. ВИДЕО


Бар асари ҳамлаи рӯзи 27-уми январ дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, 95 нафар кушта ва 158 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо ҷунбиши Толибон бар дӯш гирифт.

Гуфта мешавад, ин инҷифор дар маҳалли серодам рух дод ва эҳтимол талафот аз ин ҳам бештар шавад. Бархе аз манобеи амниятии афғон гуфтаанд, ки дар миёни қурбониён афроди низомӣ ҳам ҳастанд.

Инфиҷори хунин дар Кобул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Ҳақнавоз Ҳақёр, муовини раиси Идораи пулиси Кобул, гуфтааст, ки ҳамла дар майдони “Садорат”, дар наздикии биноҳои давлатӣ, сафоратҳо ва фурӯшгоҳҳо рух дод. Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ҳамлагар барои убури минтақаҳои назоратӣ аз мошини “Ёрии таъҷилӣ” истифода кардааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “маргталаб бо мошини “Ёрии таъҷилӣ”-и пур аз маводи тарканда аз нуқтаи аввали назоратӣ гузаштааст. Замоне ки пулис дар нуқтаи дувум хост ӯро ҳадаф қарор диҳад, маводи таркандаро ба кор даровардааст.”

Ин инфиҷор дақиқан баъд аз як ҳафтаи ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал” дар Кобул сурат гирифт. Дар он ҳамла 25 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG