Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молиёти "бекорхӯҷа"-ҳо дар Беларус лағв шуд


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус, қонуни "ситондани андоз аз бекорхӯҷаҳо"-ро рӯзи 25-уми январ бекор кард. Фармони нав шаҳрвандони бекорро аз пардохти молиёт ба буҷет озод мекунад.

Барои шаҳрвандони Беларус, ки ҷойи кор надоранд, дар саросари кишвар марказҳои ба кор таъминкунӣ таъсис меёбанд.

Бар пояи "қонун дар бораи бекорхӯҷаҳо", ки соли 2015 рӯи кор омад, ҳар як шаҳрванди бекор маҷбур буд солона ба буҷети кишвар 170 евро супорад.

Баъд аз эътирозҳои саросарӣ дар Минск ва манотиқи дигар президенти Беларус Александр Лукашенко татбиқи амри "бекорхӯҷаҳо"-ро ба соли 2018 гузаронд. Эътирозгарон лағви комили ин қонунро талб мекарданд.

XS
SM
MD
LG