Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ирсоли танкҳои "Леопард 2А4"-ро ба Туркия масдуд кард


Тонки Леопард 2А4 дар тамринҳои Лаҳистон, соли 2015
Тонки Леопард 2А4 дар тамринҳои Лаҳистон, соли 2015

Ҳукумати Олмон аз фурӯши тонкҳои навъи Леопард 2А4 ба Туркия даст кашид. Қаблан Анкара аз шариконаш дар НАТО хоҳиш карда буд, ки таслиҳоти кӯҳнаи артиши ин кишварро нав кунанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва Зигмунд Габриэл, вазири умури хориҷии ин кишвар рӯзи 25-уми январ қарор карданд, ки ба масъалаи ирсоли танкҳо ба Туркяи баъди таъсиси ҳукумати эътилофӣ бармегарданд.

Олмон аз кишварҳои умдаи тавлидкунандаи силоҳ буда, дар раддабандии фурӯш дар ҷаҳон ҷойи сеюмро дорад. Аммо масъалаи фурӯши силоҳ ба Туркия дар ҳоле барои Олмон ҳассос шуд, ки Анкара танкҳои Леопард 2А4 -ро дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Сурия ба кор бурд.

Рӯзи 20-уми январ раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз оғози амалиёт дар Африн, мавқеи курдҳои Сурия, хабар дод. Анкара дастаҳои мусаллаҳи курдро ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам мекунад.

Ин дар ҳолест, ки бахше аз ин гурӯҳҳо дар мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо ИМА ҳамкорӣ мекунанд. Президенти Амрико Доналд Трамп Эрдуғонро ҳушдор дод, ки амалиёти артиши ӯ дар Сурия метавонад ба задухӯрди байни нерӯҳои турк ва амрикоӣ анҷом шавад.

XS
SM
MD
LG