Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни беҳтарин тарҳи меъмории "Истиқлолият ва Озодӣ"


Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25-уми январ озмуни беҳтарин тарҳи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзии "Истиқлолият ва Озодӣ" дар шаҳри Душанберо эълон кард.

Дафтаи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз роҳандозии ин озмунро "ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ" гуфтааст.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин озмун дар як давр баргузор мешавад ва довталабон метавонанд аз оғози моҳи феврал то 30-юми апрел тарҳҳои худро пешниҳд кунанд.

Манбаъ мегӯяд, тартиби баргузории ин озмун дар васоити ахбори умум нашр хоҳад шуд. Барои беҳтарин тарҳи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» мукофоти пулӣ муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG