Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтури мунтахаби гимнастҳои ИМА барои таҷовуз ба 175 сол зиндонӣ шуд


Ларри Нассар - духтури пешини дастаи мунтахаби гимнастҳои ИМА дар додгоҳ. 23 январи соли 2018

Додгоҳи ИМА рӯзи 24 январ духтури пешини дастаи мунтахаби Амрико Ларри Насарро, ки бо баҳонаи ташхиси тиббӣ ба ноболиғон зӯроварии ҷинсӣ кардааст, ба муддати 175 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Дастикам 160 қурбонии ҷиноят, бо шумули гимнастҳои номдор, алайҳи Нассар шоҳидӣ доданд.

"Ман ба шумо ҳукми қатлро раво дидам",- гуфт додрас баъди эълони ҳукми додгоҳ. Ларри Нассари 54-сола танҳо баъди 40 сол метавонад озодии худро тақозо кунад.

Қаблан ӯ бо ҷурми ҳифзи аксҳои порнографии кӯдакон ба 60-соли зиндон маҳкум шуда буд.

Баъди эълони ҳукми додгоҳ раҳбари донишгоҳи Мичиган Лу Анна Саймон, ки Нассар дар он ҷо ҳудуди 20 сол духтур буд, аз мақомаш истеъфо дод. Саймон гуфт, ки аз мавридҳои зӯроварии ҷинсии Нассар бар кӯдакон огоҳ набуд. Донишгоҳи Мичиган ва мунтахаби ИМА низ дар баъзе иттиҳомоти алайҳи Нассар ҷавобгар ҳастанд. Шокиҳо мегӯянд, ки сарфи назар аз чандин шикояти онҳо, Нассар фаъолияташро дар донишгоҳ ҳамчунинон идома медод. Раҳбари кумитаи Олимпии ИМА аз ҳамаи раҳбарони федератсияи ИМА талаб кард, ки истеъфо диҳанд.

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG