Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқи шоҳи мусалмон ва маликаи ҳинду дар филми Bollywood баҳсбарангез шуд


Падмават - филми баҳсбарангези Болливуд

Филми зиддунақизи Bollywood, ки тундравони Ҳиндустонро ба хашм овард, рӯзи 25-уми январ дар пасманзари чораҳои шадиди амниятӣ дар ин кишвар ба намоиш медарояд. Баъзе аз кинотеатрҳои Ҳиндустон аз намоиши "Падмават" даст кашиданд.

Пулиси Ҳиндустон рӯзи 24-уми январ, дар остонаи намоиши филми "Падмават", чораҳои амниятиро дар чанд аёлат таҳким дод. Тундравон аз тасвири маликаи тахайюлии ҳиндуҳо, ки шоҳи мусалмон - Аллоуддин Ҳилҷӣ ошиқаш буд ва барои ба даст овардани ӯ ба шоҳигарии ҳиндуҳо ҳамла бурд, ба хашм омаданд. Онҳо ба кинотеатрҳое, ки ин филмро ба намоиш мегузоранд, таҳдиди ҳамла карданд.

Баъзе аз гурӯҳҳои ҳинду, бо шумули аъзои ҳизби ҳокими Бхаратия Ҷаната филмро танқид ва коргардонро ба таҳрифи далелҳои таърихӣ ва нишон додани шоҳ Аллоуддин Ҳилҷӣ ҳамчун маъшуқи малика Падмават муттаҳам карданд.

Коргардон иттиҳомро рад мекунад.

Падмават як маликаи тахайюлии эпоси қадимӣ аст, ки онро Малик Муҳаммад Ҷаясӣ дар асри XVI навишт.

Идораи сензураи филмҳо ба пахши ин филм 30-юми декабри соли гузашта иҷоза дод.

Видеоҳои охирин

Welcome to Tajikistan. Милисаҳои тоҷик англисӣ меомӯзанд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:39 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG