Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси вилояти Фарғона зердастонашро "ҳаромзода" номид (Видео)


Шӯҳрат Ғаниев - раиси вилояти Фарғона
Шӯҳрат Ғаниев - раиси вилояти Фарғона

Навори ҷаласаи раиси вилояти Фарғонаи Узбакистон Шуҳрат Ғаниев бо сокинон ва мансабдорони ноҳияи Тошлак, ки ахиран дар интернет ба гардиш даромад, ғавғобарангез шуд.

Раиси вилоят бо дашному носазогӯӣ ҳалокати 52 мусофир дар роҳ ба сӯи Русияро, ки 16 нафарашон аз ноҳияи Тошлак буд, боис ба бадномии минтақа унвон кард.

Ғаниев гуфт, мақомот ва сокинони ноҳия натавонистанд ҷавононро дар Узбакистон нигаҳ доранд ва бо ин корашон ба обрӯи минтақа латма заданд. Ӯ таҳдид кард, ки ҳамчун ҷазо сокинони ноҳияро аз сафари Ҳаҷ маҳрум хоҳад кард.

"Чанд ҳаромзодае аз ноҳияи Тошлак ҳаст! Ҳаромзодаро бояд ҳаромзода гуфт! Ҳеч кас аз Тошлак ба Ҳаҷ намеравад! Ҳеч кас! Ҳамаро маҳрум мекунам! Чӣ гуна мумкин аст, ки ҷавонони беҳамсарро ба Русия фиристед? Волидонашон куҷо буданд? Волидон магар нобино буданд? Бигзор фардо аз болои ман шикоят баранд, агар бихоҳанд. Дар тамоми ҷумҳурӣ вилоятро беобрӯ кардед!", - таҳдид кард вай.

Ғаниев ҳамчунин дастур дод, ки мақомоти ноҳия истигоҳҳои автобус ва таксиҳоро бигарданд ва ҷавононеро, ки азми муҳоҷирати Русия доранд, аз роҳ бигардонанд.

Як автобуси ҳомили муҳоҷирони Узбакистон рӯзи 18-уми январ дар ҳудуди Қазоқистон оташ гирифт. Дар ин оташсӯзӣ 52 муҳоҷири узбак ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG