Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озурдагии таърихӣ монеъи сафари Аэбе ба Пхенчхан нашуд


Шинзо Абэ - нахуствазири Ҷопон
Шинзо Абэ - нахуствазири Ҷопон

Сарфи назар аз ташаннуҷ дар байни Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ, дар заминаи бераҳмиҳои замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, нахуствазири Ҷопон Шинзо Абэ дар маросими кушоиши бозиҳои Олмпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунад. Дар ин бора Абэ рӯзи 24 январ ба нашрияи Sankei Shimbun хабар дод.

Ӯ қаблан дудила буд, ки дар ин маросим иштирок кунад ё не ва барои нарафтан ба Кореяи Ҷанубӣ кор бар сари буҷаи кишварро пеш овард.

Дар тӯли даҳсолаҳо муносибати ду кишвар дар заминаи ин масъала, ки солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва ишғоли шибҳаҷазираи Корея аз ҷониби Ҷопон, занҳои кореягӣ маҷбуран ҳамчун бардагони ҷинсии сарбозони Ҷопон истифода мешуданд, муташаниҷ боқӣ монд.

Соли 2015 ҳарду тараф созиш карданд. Ҷопон аз Кореяи Ҷанубӣ узр хост ва барои кӯмак ба бардагони ҷинсии собиқ, ки ҳанӯз зинда буданд, бунёдеро бо маблағи 9 миллиард доллар таъсис дод.

Аммо чанде пеш, раиси ҷуҳмури Кореяи Ҷанубӣ Мун Че Ин масъалаи бозбинии ин созишномаро матраҳ кард ва аз Ҷопон хост, ки ба қурбониҳои бардагии ҷинсӣ "узрхоҳии содиқона" пешниҳод кунад.

Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ соли 2020 дар Ҷопон баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG