Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамсиддин Саидов дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. САДО


Шамсиддин Саидов

Додгоҳи вилояти Хатлон Шамсиддин Саидов, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва аз ёрони Саид Абдуллоҳи Нуриро дар ғайбаш ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Соли гузашта бар асоси як тағйир дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ додгоҳҳои Тоҷикистон ҳаққ пайдо карданд, ки афроди муттаҳамро дар ғайбашон маҳкум кунанд.

Пирмуҳаммадзода: "Шамсиддин Саидов ғоибона ба 15 соли зиндон маҳкум шуд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00
Линки мустақим

Сайфиддин Пирмуҳаммадзода, як масъули Додгоҳи вилояти Хатлон, рӯзи 24-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ин узви ҳизби мамнӯъ ба чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ айбдор аст. “Тамоми далелҳое, ки ӯ дар ҷиноятҳои террористӣ даст дорад, баррасӣ шуданд. Нӯҳ шоҳид пурсида шуд. Аксҳои ӯ ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ низ дар парванда ҳаст”, - афзуд ин масъули додгоҳ.

То ба ҳол худи Шамсиддин Саидов ба ин ҳукми ғоибонаи додгоҳ вокуниш накардааст. Вай 53 сол дошта, зодаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аст ва аз аъзои собиқадори ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба шумор меравад. Чанд сол боз дар хориҷ аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар Туркия ва кишварҳои аврупоӣ, қарор дорад.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, чунин таҷриба дар додгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешаванд

Дар Википедияи тоҷикӣ гуфта шудааст, Шамсиддин Саидов солҳои ҳаштодум, баъд аз адои хидмати ҳарбӣ дар Қазоқистон, ба сафи ҳизби наҳзати исломӣ пайваст, ки он замон пинҳонӣ фаъолият дошт. Бино ба маълумоти ин пойгоҳ, Саидов “соли 1986 барои иштирок дар як тазоҳуроти зиддидавлатӣ маҳкум ва барои адои ҷазо ба Сибир фиристода шудааст”.

Ин масъули ҳизби наҳзати исломӣ соли 1992 ба Афғонистон рафта, дар онҷо ба ҳайси “намояндаи хоси Саид Абдуллоҳи Нурӣ” фаъолият кардааст. Баъди имзои созишномаи сулҳ дар ҳайати Кумисюни оштии миллӣ буд ва аз соли 2000 то 2010 масъулияти равобити хориҷии ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломиро бар ӯҳда дошт.

Ҳукми Шамсиддин Саидов дар ғайбаш аз нахустин таҷрубаи муҳокимаҳои ғоибона дар Тоҷикистон аст. Тобистони соли гузашта бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, парвандаи “шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карда ва дар кишварҳои хориҷ паноҳ бурдаанд” дар ғайбашон баррасӣ хоҳад шуд.

Юсуф Раҳмон, додситони кул. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кул. Акс аз вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

​Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми шарҳи зарурати ворид кардани ин тайғирот ба Кодекси мурофиваии ҷиноятӣ гуфт: “Солҳои ахир шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан, ба хориҷи кишвар паноҳ мебаранд. Нисбат ба ин гуна шахсон кофтукоби байналмилалӣ эълон шуда, ба ниҳодҳои байналмилалӣ дархост ирсол шуда бошад ҳам, аксаран кофтукоб бенатиҷа мемонад. Аз ин лиҳоз, дар бораи ғоибона тафтишот бурдан ва дар суд баррасӣ кардани парвандаи чунин ҷинояткорон ба Кодекси мазкур тағйирот ворид шуд.”

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бар асоси тағйироти ворида дар сурати ба ватан баргаштани нафари маҳкумшуда ва шикояташ аз болои ҳукми додгоҳ ҳукмаш бознигарӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, чунин таҷриба дар додгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешаванд ва парвандаи шахсони ҷинояти вазнин содиркарда бидуни ширкати айбдоршаванда муҳокима шуда ва ҷазо таин мешавад.

Шарҳҳоро бинед (14)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG