Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия намоиши "Марги Сталин"-ро манъ кард


Вазорати фарҳанги Русия иҷозатномаи иҷораи филми ҳаҷвии бритониёии "Марги Сталин"-ро, ки қарор буд рӯзи 25-уми январ дар 30 кинотеатри шаҳри Москва намоиш дода шавад, бозхонд кард. Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский гуфт, намоиши филм ба хотири нақзи "ҳадди ахлоқии таҳлили интиқодии таърих ва таҳқири он" манъ карда шуд.

"Бештари қишри калонсол онро на танҳо таҳқири тамоми гузаштаи шӯравӣ, балки таҳқири артишу одамони оддии он ва кишваре қабул хоҳанд кард, ки бар фашизм ғалаба кардааст", - афзуд Мединский.

Иҷрокунандаи вазифаи сардори Департаменти синамогарони Русия Олга Любимова мегӯяд, дар филми мазкур маводе ҳаст, ки қонунгузории Русия нашру паҳни онҳоро манъ кардааст ва бинобар ин, иҷозатномаи иҷораи филм бозхонд шуд. Худи муаллифи филм Армандо Ианнуччӣ дар сӯҳбат бо "Настоящее Время" гуфт, пеш аз ба навор гирифтани "Марги Сталин" бо коршиносон ва русиягиҳое, ки он замон ба воя расидаанд, машварат карда буданд.

"Мо пеш аз наворбардорӣ корҳои зиёдеро анҷом додем. Бо коршиносон сӯҳбат карда, бойгониро хондем ва бо муаррихон машварат кардем. Бо русиягиҳое сӯҳбат кардем, ки дар давраи Сталин ба воя расидаанд. Мо ба таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ ва он чӣ, ки солҳои 1950-ум рух додааст, эҳтиром мегузорем ва чизеро пинҳон накардаем. Русиягиҳое, ки филмро тамошо кардаанд, мегӯянд, он хеле хандаовару дуруст омадааст", - афзуд коргардон дар сӯҳбат бо "Настоящее Время-Амрико" дар ҷашнвораи синамои Sundance.

"Марги Сталин" як филми ҳаҷвӣ буда, дар бораи муборизаҳо барои қудрат дар СССР баъд аз марги Иосиф Сталин дар соли 1953 гуфта шудааст. Дар ин филм Стив Бушемӣ, Ҷейсон Айзекс ва Олга Куриленко нақш офаридаанд.

XS
SM
MD
LG