Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон қурби доллар ба сатҳи рекорди нав расид


Як нуқтаи мубодилаи асъор дар Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Як нуқтаи мубодилаи асъор дар Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои табодули ғайриқонунии асъори Туркманистон ба сатҳи рекорди нав расид. Субҳи рӯзи душанбеи 22-юми январ дар шаҳри Ишқобод дар "бозори сиёҳ" 1 доллари ИМА 11 манат харида ва 11.5 манати туркманӣ фурӯхта мешуд.

Охири рӯз қурби доллар ба 12 манат расид. Ба гуфтаи манбаъҳо, болоравии қурби доллар аз 17 январ шуруъ шуд. "Арзиши доллар дар "бозори сиёҳ" то кунун ба сатҳи 12 манат нарасида буд", - мегӯяд Амонмурод Бугаев, як сокини Ишқобод.

Рекорди пешини доллар дар ин кишвар дар остонаи ҷашнҳои солинавӣ мушоҳида шуда буд. Он замон 1 доллари ИМА бар ивази 8-9 манат харида ва дар ивази 10.2-10.4 манат фурӯхта мешуд.

Вале дар сатҳи расмӣ табодули нақдии асъори хориҷӣ дар Туркманистон аз соли 2016 ба ин сӯ манъ аст. Ҳамзамон Бонки марказии Туркманистон ҳанӯз дар соли 2015 қурби долларро 3.5 манат муқаррар ва то кунун иваз накардааст.

XS
SM
MD
LG