Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пенс: "Будан дар Байтулмуқаддас - пойтахти Исроил шарафи бузург аст"


Майкл Пенс ва Бенямин Нетаняҳу

Ноиби нахуствазири ИМА Майкл Пенс рӯзи 22 январ бо нахуствазири Исроил Беямин Нетаняҳу мулоқот кард ва гуфт, ки Амрико сафорати худро дар пойтахти нави Исроил - Байтулмуқаддас, соли 2019 ифтитоҳ мекунад.

Пенс зимни суханронӣ дар порлумони Исроил гуфт, ки маъмурияти Доналд Трамп бо барномаи зиддунақизи кӯчидани сафорат пеш меравад ва намояндагии Амрико дар Батулмуқаддас то охири соли оянда боз мешавад.

"Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст ва...президент Трамп ба Департаменти давлатӣ дастур дод, ки омодагӣ ба кӯчонидани сафорат аз Телавив ба Байтулмуқадасро оҷилан оғоз кунад.

Суханронии Пенс дар оғоз як лаҳза аз ҷониби намояндагони арабтабори порлумон вайрон карда шуд, ки дар дасташон навиштаҷоти "Байтулмуқаддас пойтахти Фаластин"- ро доштанд.

Арзёбиҳои қаблӣ мӯҳлати кӯчидани сафорати ИМА-ро се-чаҳор сол мегуфтанд.

Майкл Пен аз қарори Трамп дар робита ба кӯчидани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас дифоъ кард, дар ҳоле, ки ин қарор ба интиқоди Фаластиниҳо ва шарикони Арабии онҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Фаластиниҳо қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пойтахти давлати ояндаи худ мешуморанд. Онҳо ба думболи эълони қарори Трамп гуфтанд, ки ҳамагуна музокироти сулҳ аз ҷониби маъмурияти Трампро рад мекунанд.

Субҳи имрӯз Пенс дар мулоқот бо Нетаняҳу гуфт, ки "будан дар Байтулмуқаддас -пойтахти Исроил барояш шарафи бузург аст."

Видеоҳои охирин

Селзадаҳои Панҷ: Ҳудуди 30 манзил осеб дид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG