Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат дар Кобул: Тоҷикон дар миёни қурбониҳои “Интерконтинентал” набуданд


Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, дар меҳмонхонаи “Интерконтинентал”-и шаҳри Кобул ҳеҷ шаҳрванди ин кишвар зиён надидааст. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон рӯзи 22-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “хушбахтона дар ин ҳодиса ягон шаҳрвандӣ кишвари мо зиён надидааст”.

Ӯ гуфт, пас аз ҳодиса, ки гуфта мешуд, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ кушта шудаанд, сафорат ба мақомоти Афғонистон тамос гирифт, вале мақомот гуфтаанд, ки дар миёни осебдидагон ва кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Имомов гуфт, ки бархе аз меҳмонони хориҷии ҳотели “Интерконтинентал” тавассути Душанбе ба Кобул парвоз карда будаанд ва шояд аз ҳамин ҷо ҳадсу гумоне пайдо шуд, ки дар миёни осебдидаҳо тоҷикистониҳо ҳам мебошанд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ширкати ҳавопаймоии "Kam-Air"-и Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам кор мекунанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаи рӯзи 20 январ ба меҳмонхонаи "Интерконтинентал"-и шаҳри Кобул 30 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ануар Ҷайнаков гуфт, дар ин ҳодиса шаҳрванди 39-солаи ин кишвар ҳам ҷон бохт.

Ба гуфтаи пулиси Кобул, шахсияти 9 украинии кушташуда ҳам муайян шудааст, ки бештарашон кормандони ширкати ҳавопаймоии "Kam-Air"-и Афғонистонанд. Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки шумори воқеии қурбониҳо метавонад аз 30 нафар аз бештар бошад.

Масъулияти ҳамла ба "Интерконтинентал"-ро, ки дар он конфронси байналмилалӣ оид ба технологияҳои нави иттилоотӣ ҷараён дошт, ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба зимма гирифт. Ҷангиён ба воситаи ошхона вориди тарабхонаи меҳмонсаро шуда, ба сӯи муштариён оташ кушодаанд. Ба гуфти сухангӯйи Толибон Забиҳулло Муҷоҳид ҳамла мебоист шоми 18-уми январ ба вуқӯъ пайвандад, вале он рӯз дар Интерконтинентал тӯйи арӯсӣ ҷой дошт ва Толибон барои ҷилавгирӣ аз қурбониҳо миёни афроди осоишта ҳамларо ба таъхир гузоштанд.

XS
SM
MD
LG