Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба "поккорӣ" дар ду вазорати калидӣ оғоз кард


Логои Додситонии кулли Узбекистон
Логои Додситонии кулли Узбекистон

Ба думболи интиқоди ахири Шавкат Мирзиёев аз фаъолияти додситонӣ ва вазорати молия, дар ин ду ниҳод "поккорӣ"-и кадрҳои куҳансол шуруъ шуд. Бархе аз чунин кормандон мегӯянд, куҳансолоне, ки дар мақомҳои худ боқӣ мондаанд, таҳқир мешаванд.

Як корманди муассисаи ислоҳии назди Додситонии кулли Узбекистон гуфт, роҳбарияти ин ниҳод кадрҳои куҳансолро, ки содиқона ва ба таври касбӣ фаъолият кардаанд, аз мақом меронанд.

"Ман солҳои тӯлонӣ дар Раёсати судӣ фаъолият кардам, касби худро хуб медонам. Вале роҳбарият ба ман гуфт: "Ту яке аз он кӯрмушҳое ҳастӣ, ки президент ба шумо ишора кард, ту - дузд ҳастӣ, аризаи аз кор рафтанатро навис". Роҳбарияти Раёсати иҷрои ҷазо ба кадрҳои куҳансол муносибати бад дорад. Ҳангоми ҷаласаҳо моро маҷбур мекунад, ки рост истода таҳқиру дашномҳо нисбати худамонро бишнавем", - мегӯяд ин манбаъ.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як ҷаласа гуфт, ки "80 дарсади кормандони мақомоти додситонӣ ғоратгар ҳастанд". Ба иттилои расмӣ, давоми 11 моҳи соли 2017 бештар аз 7 ҳазор корманди мақомоти додситонӣ ба ҷавобгарии интизомӣ ва 201 тани дигар ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар вазорати молияи Узбекистон низ поккории саросарӣ шуруъ шудааст. Ин поккорӣ низ баъди он роҳандозӣ шуд, ки Шавкат Мирзиёев аз фаъолияти вазорати молия интиқод кард.

XS
SM
MD
LG