Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Oxfam: беш аз 80%-и боигариҳои ҷаҳон дар даст 1% -и аҳолӣ қарор доранд


Сарватманд ва нодор - сурати наққоши номаълум аз асри XVII
Сарватманд ва нодор - сурати наққоши номаълум аз асри XVII

82 дар сади боигариҳои дунё дар дасти 1 дар сади аҳолии замин қарор дорад. Ин воқеиятро таҳқиқоти ахири Созмони байналмилалии мубориза бо фақр - Oxfam собит кард, ки рӯзи 22 январ ба нашр расид.

Боигарии одамони сарватманди дунё дар соли гузашта $762 миллиард бештар шуд, омадааст дар гузориши Oxfam. Ин дар ҳолест, ки дороиҳои ними аҳолии замин бетаъғир боқӣ монд.

Аз соли 2010 дороии сарватмандон 13 дар сад, шаш баробар бештар аз маоши кормандони маъмулӣ ва хизматчиён афзоиш ёфтааст. Теъдоди миллиардерҳо дар як соли ахир ба таври бенамуна зиёд шуд. Биноба маълумоти Oxfam, ҳоло ба ҳисоби миёна дар ду рӯз 1 миллиардери нав пайдо мешавад. Ба сурати умум дар дунё беш аз 2 ҳазор миллиардер вуҷуд дорад. Афзоиши теъдоди сарватмандон на баёнгари рушди иқтисодӣ, балки суқути назми иқтисодӣ аст,- мегӯяд раҳбари Oxfam Бинни Бянима.

Oxfam талаб кардааст, ки таҷрибаи фирори ширкатҳои бузург ва одамони сарватманд аз молиёт пешгирӣ ва фоидаи одилона ба занону мардон пешбинӣ шавад. Ин созмон сармогузорӣ ба соҳаи маориф ва беҳдоштро тағқозо кардааст,- мегӯяд радиои "Мавҷи Олмон".

XS
SM
MD
LG