Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Белорус даъвати Назарбоевро оиди музокироти Укриана масхара кард


Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей
Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей

Вазири корҳои хориҷии Белорус Владимир Макей пешниҳоди роҳбари Қазоқистон, дар бораи баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Украина дар Остонаро масхара ва танқид кард. Чунин гуфтугӯҳо пештар дар шаҳри Мински Белорус баргузор мешуданд. Макей дар изҳороти рӯзи 19 январаш гуфт, интиқоли гуфтугӯҳо ба ҷои нав чизеро тағйир нахоҳад дод.

"Гуфтугӯҳои Украинаро мешавад ҳатто дар Антарктида баргузор кард, агар бовар дошта бошем, ки натиҷае ба бор меоварад", - гуфт Макей.

Ба думбол Кремл низ изҳорот дод ва гуфт, садоқат ба созишномаи Минск, ки соли 2015 ҳосил шуд, муҳимтар аз макони баргузории гуфтугӯҳои нави Украина аст.

Изҳороти Минск ва Москва баъди он садо доданд, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, гуфтугӯҳои сулҳи Украина ба кӯчаи сарбаста ворид шудааст ва ӯ пешниҳод дорад, ки даври нави гуфтугӯҳо дар Қазоқистон баргузор шавад. Назарбоев дар ҷараёни сафараш ба ИМА гуфт, ки дар мулоқот бо Трамп мавзуи Украина баррасӣ шуд. Ба гуфтаи Назарбоев, Трамп пешинҳод кардааст, ки гуфтугӯҳои сулҳи Украина ба кишвари дигар интиқол дода шавад.

Чанд даври музокироти Украина, бо баррасии роҳҳои ҳалли низоъ, дар Минск баргузор шуд. Аз оғози низои Украина, баҳори соли 2014, дар даргириҳои байни ҷудоихоҳони рӯ ба Русия ва нерӯҳои Украина, то кунун бештар аз 10 ҳазор одам кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG