Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Туркия вориди Сурия шуданд


Нерӯҳои ҳавоии Туркия рӯзи 20-уми январ мавзеъҳои размандагони курдро бомбборон карданд.
Нерӯҳои ҳавоии Туркия рӯзи 20-уми январ мавзеъҳои размандагони курдро бомбборон карданд.

Бинали Йилдирим, нахуствазири Туркия гуфт, дар рӯзи дуввуми амалиёт ба зидди курдҳо дар як ҷазирақаламрав нерӯҳои кишвараш вориди марзи Сурия шудаанд.

Матбуоти Туркия рӯзи 21-уми январ аз қавли Йилдирим навишт, нерӯҳо ба минтақаи Африн ворид шудаанд, ки зери назорати размандагони Гурӯҳи муҳофизати мардумӣ қарор дорад.

Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои турк ҳамроҳ бо нерӯҳои Артиши Сурияи Озод ба пеш ҳаракат доштаанд. Ба қавли Бинали Йилдирим ҳадаф аз амалиёт таъсиси минтақаи амн дар 30 километрии дохили қаламрави Сурия аст.

Туркия мегӯяд, ки размандагони курд бо Ҳизби Коргарии Курдистон иртибот доранд, ки тарафдорони он 30 сол боз бо ҳукумати Туркия меҷанганд.

Размандагони курд гуфтаанд, ки дар ҳамлаи нерӯҳои Туркия дар минтақаи Африн дасти кам 10 нафар ва аксаран ғайринизомиён кушта шуданд. Амрико гуфтааст, амалкарди Туркия метавонад, ноамнӣ дар Афринро зиёдтар кунад.

XS
SM
MD
LG