Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз Анкара даъват кард, ки бо курдҳо наҷангад


Ҳизер Нойерт - сухангӯи Департаменти давлатии ИМА

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Туркия даъват кард, ки бо курдҳо вориди даргирӣ нашавад. Дар ин бора Ҳизер Нойерт, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 18-уми январ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Анкараро зарур аст, бештар ба мубориза алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" тамаркуз кунад.

Нерӯҳои Туркия ҳузури худро дар марз бо Сурия афзоиш дода, барои мубориза бо дастаҳои худдифои курд техникаи низомиро ба сарҳад интиқол медиҳанд. Омодагиҳои низомӣ дар ҳоле оғоз шуданд, ки раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба курдҳо "ултиматум" гузошт, ки дар муҳлати як ҳафта аз мавқеҳои худ берун раванд, вагарна маҳв мешаванд. Дар посух Димишқ гуфт, ҳавопаймоҳои Туркияро дар фазои Сурия мавриди ҳамла қарор хоҳад дод.

Рӯзи 14-уми январ эътилофи таҳти назари Амрико гуфт, барои ҳифозати марзи Сурия аз ҳисоби дастаҳои мухолифини ин кишвар нерӯи иборат аз 30 ҳазор сарбозро таъсис медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия ин барномаро маҳкум кард ва раиси ҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, ин нерӯҳоро "дар лонааш" нест мекунад. Рӯзи гузашта Пентагон гуфт, барномаи таъсиси артиш аз ҳисоби курдҳоро пайгирӣ намекунад.

Видеоҳои охирин

Наздикони Муқаддас :"Сабаби худкушӣ бадрафтории устодон аст, на ишқи ноком"
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:03:05 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG