Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуфаттоҳи Ғоиб ба кори дигар гузашт


Абдуфаттоҳи Ғоиб

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ аз мақоми худ озод ва, бино ба қарори ҳукумат, "ба вазифаи дигар гузаштааст". Мансаби нави Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба ҳол маълум нест.

Бино ба қарори дигари ҳукумат, Хуршед Каримзода раиси нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ тайи се соли ахир ба ҳайси муовини аввали раиси ин ниҳод кор мекард. Як манбаъ гуфт, муаррифии Хуршед Каримзода рӯзи ҷумъа бо ҳузури Асадулло Раҳмон, мушовири президент дар умури кадрҳо сурат гирифтааст.

Мақоми нави Абдуфаттоҳи Ғоиб то ба ҳол эълон нашудааст.

Манбаи Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни муаррифии раиси нави Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб низ ҳузур дошт. "Ба кормандон гуфта шуд, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб ба вазифаи нав дар сохторҳои қудратӣ мегузарад. Худи Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, ки кор дар ҳамагуна сохтор бе камбуд намешавад, вале бояд талош кард, кор босифат анҷом ёбад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Хуршед Каримзода
Хуршед Каримзода

​Аммо ӯ як рӯзи қабл дар ҷаласаи солонаи ҳукумат барои камбудҳо дар ниҳоди зери раҳбариаш аз раиси ҷумҳур танқид шунид ва барои ислоҳ дастур гирифт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласа аз кори раҳбарияти Хадамоти гумрук интиқод кард ва "иҷро нашудани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба фасод даст задани кормандони Хадамоти гумрук, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва воридоти маҳсулоти гӯштии пастсифат"-ро ба унвони далел овард.

Аз ин пеш, дар моҳи ноябри соли гузашта, Абдуфаттоҳи Ғоиб барои иҷро нашудани пардохтҳои гумрукӣ танбеҳ ё “выговор” гирифта буд. Худи ӯ ин танбеҳро бепоя надонист ва дар як шарҳи кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҷаноби Олӣ беасос танбеҳ намедиҳад. Танбеҳи гирифтаи мо асос дорад.”

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, моҳи декабри соли гузашта сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд
Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, моҳи декабри соли гузашта сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 16-уми марти соли 2015 аз мақоми раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод шуд ва ҳамон рӯз бо қарори ҳукумат сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ - писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуда буд. ​

Ӯ дар рӯзҳои аввали ба кор пардохтанаш гуфта буд, ки соҳаи гумрук барояш ношинос нест. "Ин соҳа ва ҳар система ба танзим ниёз дорад", - таъкид карда буд Абдуфаттоҳи Ғоиб. Аммо зоҳиран ду соли раҳбарӣ дар Хадамоти гумрук барояш чандон осон набуд. Аз як тараф даромади боҷи гумрукӣ кам шуд ва аз тарафи дигар масъалаи воридоти маҳсулоти пастсифати гӯштӣ дар миён омад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб (қаблан Фаттоҳ Саидов), генерал-майори адлия, соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолиятро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ намуд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб
Абдуфаттоҳи Ғоиб

Сипас, мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994 -1995 барои кор ба шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи умури дохилии шаҳри Исфара таъйин мешавад.

Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Идораи умури дохилии шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Аз моҳи марти соли 2015 то ин дам сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG