Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми писарони Абдуфаттоҳи Ғоиб ва Абдумаҷид Достиев дар сохторҳои ВКД


Шоҳрух Саидзода

Дар пайи як тағйирот дар сохтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 26 нафар ба мақомҳои баланд таъин шуданд.

Аз ҷумла, Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумрук ва Рустам Достиев, писари Абдумаҷид Достиев – сафири собиқи кишвар дар Русия дар сохторҳои Вазорати умури дохилӣ соҳиби мақоми нав шуданд.

Рӯзи 12-уми декабр, дар маҷмӯъ, 26 нафар ба мақомҳои баланд дар сохторҳои Вазорати умури дохилӣ таъйин шуданд.

Бино ба тағйироти кадрие, ки рӯзи 12-уми декабр сурат гирифт, Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ ва Рустам Достиев сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон таъин гардид. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ин тағйирот дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур сурат гирифтааст.

Дар бораи Рустам Достиев иттилои кофӣ дар даст нест. Аз ҷумла, маълум нест, ӯ корро кай оғоз карда, дар гузашта дар кадом мақом фаъолият доштааст. Шоҳрух Саидзода, ки рутбаи подполковникро дорад, 31-сола буда, аз соли 2012 боз дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ кор мекунад. Вай маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дорад.

Рамазон Раҳимзода бо Шариф Назарзода
Рамазон Раҳимзода бо Шариф Назарзода

Шоҳрух Саидзода аз намояндагони “ҷавонони тилоӣ” аст, ки фарзандони мансабдорони баландпояи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Ӯ, ҳамин тавр, аз афроди хеле наздик ба Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

Дар тағйироти кадрии рӯзи сешанбе генерал Шариф Назарзода, ки то ин дам ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд кор мекард, раҳбари Идораи умури дохилии шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Фотеҳ Қунғуротзодаро иваз кард. Дувумӣ бо як қарор сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар соҳаи нақлиёт шудааст.

Бобо Қудратулло сардори нави Раёсати умури дохилии вилояти Суғд таъин гардид. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки “инчунин, дар мувофиқа бо президент сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод ва Файзобод иваз шуданд”.

Дар маҷмӯъ, рӯзи 12-уми декабр 26 нафар ба мақомҳои баланд дар ин вазорат таъйин шуданд. Рӯзи сешанбе дар сохтори додгоҳҳои кишвар низ тағйироти кадрӣ низ сурат гирифт. Бино ба ин тағйирот, раиси Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони додгоҳҳои баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ин вилоят, Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иваз гардидаанд. Дар мавриди интихоб ва бозхонди додрасҳои Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодӣ пешниҳоди раиси ҷумҳур ба Маҷлиси миллӣ фиристода шудааст.

“Президент барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Амирхон Исҳоқӣ, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Шароф Аланазарзода, Абдуқаҳҳор Тағозода, Ҷамшед Аҳмадзода, Илҳом Комилзода, инчунин, ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Файзалӣ Комил ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод ирсол намудааст”, - гуфтанд дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG