Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониён барканор шуд. Қаҳҳорзода – вазири молияи Тоҷикистон


Абдусалом Қурбониён дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон. Душанбе, 18-уми январи 2018

Баъди як рӯзи ҷаласаи солонаи ҳукумат Абдусалом Қурбониён аз мақоми вазири молияи Тоҷикистон барканор гардид. Дар фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон сабаби баканории ӯ "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Абдусалом Қурбониён дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ барои қарзи маош дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули буҷет интиқод шунид.

Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамагӣ як сол қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.

Бино ба фармони дигари раиси ҷумҳур, ​Файзиддин Қаҳҳорзода вазири нави молия таъин шуда, муаррифиаш рӯзи 19-уми январ сурат гирифтааст. Қаҳҳорзода то ин дам дар мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ кор мекард.Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло Фаррух Ҳамралиев раиси нави Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд. Фаррух Ҳамралиев тайи як соли ахир раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон буд ва таҷрубаи кор дар мақоми раиси Кумитаи сармоягузориро ҳам дорад. ​

Бештар бихонед: "Президент гуфт, ки тағйироти кадрӣ мешавад"

Файзиддин Қаҳҳорзода
Файзиддин Қаҳҳорзода

Абдусалом Қурбониён аз соли 2013 вазири молия буд. Вай дар нозироти андози ноҳияи Данғара ва Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президент низ кор кардааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири нави молияи Тоҷикистон, 47 сол дорад ва дар гузашта дар "Ориёнбонк", Оҷонси хариди давлатии мол, Вазорати рушди иқтисод ва дастгоҳи иҷроияи президент масъулият дошт. Ӯ ҳамагӣ як сол қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд.

Вазорати молия, ки маъмури дахлу харҷи давлат аст, дар як соли ахир бештар ба хотири пур нашудани буҷети давлат танқид шуд. Дар ҷаласаи рӯзи 18-уми январ раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз ҳисоби кам ворид шудани маблағ ба буҷет аз рӯи чаҳор навъи андоз ба буҷети кишвар 400 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Як мояи дигари интиқоди раиси ҷумҳур аз кори Вазорати молия моҳҳо пардохт нашудани маош ба кормандони буҷавӣ бахусус муаллимону духтурон, умдатан дар се ноҳияи тобеи марказ буд. Шурӯъ аз тобистони соли 2017 муаллимон ва пизишкон аз шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав аз моҳҳо пардохт нашудани маошашон шикоят мекарданд.

Дар моҳи октябри соли 2017 дар атрофи Вазорати молия моҷарои наве сар зад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар суҳбат бо соҳибкорон гуфт, Вазорати молия 171 миллион сомонӣ маблағи нерӯгоҳи Роғунро ба ширкати “Умед-88” қарз дода, аммо ин ширкат то ҳанӯз қарзро барнагардонидааст. Баъд аз ин интиқоди раиси ҷумҳур раиси “Умед- 88” - ширкати фурӯши маводи сӯхт Раҷабалӣ Одинаев аз сӯи Оҷонси зиддифасод боздошт шуд. Ин қарз дар замони роҳбарии Абдусалом Қурбониён – вазири ҳамакнун собиқи молия дода шуда буд.

Интизор меравад, рӯзҳои наздик тағйирот дар сохторҳои дигари давлатӣ низ сурат гирад. Рӯзи панҷшанбе, баъди ҷаласаи ҳукумат, Носирҷон Салимзода, раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки дар онҷо иштирок дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, президент тағийроти кадриро ваъда додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG