Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина тарҳи Қонуни ҳамгироии Донбассро тасвиб кард


Тонки Украина дар минтақаи ҷанг, дар Шарқи Украина

Палатаи болоии порлумони Украина тарҳи қонун дар бораи ҳамгироии Донбассро дар хониши дуввуум тасвиб кард. Сухан дар бораи вежагиҳои сиёсати давлатӣ дар робита қаламравҳои Донетск ва Луҳанск аст, ки муваққатан ишғол шудааанд. Аз таҳри пешниҳод кардаи президент рӯзи 18 январ 280 намояндаи мардумӣ ҷонибдорӣ кард.

Дар тарҳи Қонун Русия ҳамчун "таҷовузгар ва ишғолгар"эътироф шуда,ва ҳадафи аслии санад озод кардани манотиқи ишғолшуда ва барқарор кардани тамомияти арзии Украина гуфта мешавад. Амалкардҳои Киев дар ин манотиқ бар поияи банди 51-и Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, "ҷилавгирӣ ва вокуниш ба таҷовузи нерӯҳои Русия дар Донетск ва Луҳанск" мушаххас шудааст. Ин банди Оинномаи СММ ҳақи давлатро ба худдифоӣ таъмин мекунад.

Ба гуфтаи котиби кумитаи порлумони Украина оид ба масоили амнияти миллӣ Иван Винник, аз ин ба баъд дар робита ба қаламравҳои ишғолшуда на " Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск" ва " Ҷумҳурии Мардумии Донетск", балки истилоҳи "Намояндагони идораи ишғолгари федератсияи Русия" истифода мешавад.

Ба гуфтаи Винник қонун дар бораи ҳамгироии Донбасс ба Украина ҳақ медиҳад, ки даъвояш бо Русияро дар додгоҳҳои байналмилалӣ матраҳ кунад.

Видеоҳои охирин

Муносибати раҳбаратон бо Шумо чӣ гуна буд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG