Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ғолибони "ҷоизаи расонаҳои дурӯғин"-ро эълон кард


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе барандагони "ҷоизаи расонаҳои дурӯғгӯ"-ро дар твиттер эълон кард.

Ҷои аввалро дар рӯйхати "расонаҳои дурӯғин" нашрияи The New York Times барои матлаби иқтисоди ИМА ҳаргиз барқарор намешавад, дарёфт кард.

Шабаки телевизионии CNN дар номгӯи расонаҳои дурӯғин чаҳор маротиба зикр шудааст. Ин телевизион, ба вижа, барои иттилое, ки президенти ИМА ва писараш Доналд Трампи хурдӣ ба санадҳои WikiLeaks дастрасӣ доштанд ва инчунин хабар дар бораи мулоқоти сармоядор Энтони Скарамуччи бо тоҷири рус Кирилл Дмитриев соҳиби "ҷоиза" шудааст. Хабар дар бораи мулоқоти Скарамуччи бо тоҷири рус баъди ду рӯзи нашраш аз сомонаи телевизион бардошта шуда буд.

Трамп бо баҳонаҳои мухталиф маҷаллаҳои TIME ва Newsweek, телевизиони ABC ва нашрияи Washington Post-ро низ бо ҷоизаи "расонаҳои дурӯғин" қадрдонӣ кардааст. Номгӯи расонаҳои дурӯғин бо хабари бофта дар мавриди эҳтимоли созиши тими интихоботии Трамп бо Русия ба охир мерасад. "Тавофуқ бо Русия - ин бузургтарин афсона барои мардуми Амрико аст. Ҳеч созише набуд!" - навишт Трамп.

Таъсиси "Ҷоиза ба расонаҳои дурӯғин"-ро Трамп 3 январ эълон кард. Низоъи президенти ИМА бо расонаҳои демократӣ аз ибтидои маъракаи интихоботии ӯ дар соли 2014 идома дорад.

XS
SM
MD
LG