Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Амрико дар паи таъсиси нерӯи марзбон дар Сурия нест


Сарбози курд дар марзи Сурия бо Туркия
Сарбози курд дар марзи Сурия бо Туркия

Низомиёни Амрикоӣ дастаҳои маҳаллиро омода мекунанд, аммо ҳадаф таъсиси артиши нав, ё нерӯи нави марзбонӣ нест. Дар ин бора Вазорати дифои Ийолоти Муттаҳида рӯзи 17 январ изҳорот дод.

Дар изҳороти Пентагон гуфта мешавад, ки маъракаи маҳви гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" пурра анҷом нашудааст ва даргириҳо дар бархе аз манотиқи Сурия ҷараён доранд. Ба ғайр аз ин, гуфтааст Пентагон, нерӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии ИМА амнияти мардумро дар манотиқи озодшуда аз ДИИШ таъмин мекунанд.

Пентагон ҳамчунин гуфтааст, ки Вашингтон манофеи Туркияро ҳангоми баргузории амалиётҳои низомӣ ба назар мегирад ва омодааст дар мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба Анкара кумак кунад.

Рӯзи 14 январ эътлофи таҳти сарварии ИМА гуфт, ки нерӯи иборат аз 30 ҳазор сарбозро барои ҳимоия марзи Сурия таъсис медиҳад ва сутуни ин нерӯҳро дастаҳои мухолифини Сурия, асосан курдҳо ташкил хоҳанд дод.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия барномаи эътилофро маҳкум кард ва гуфт, ки барномаи таъсиси воҳиди нав бо Анкара машварат нашудааст. Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон таҳдид кард, ки ин барномаро "аз реша нобуд мекунад" ва ҳушдор дод, ки ҳар лаҳза метавонад амалиёти ҳарбиро дар шимоли Сурия ба роҳ монад. Сухан аз минтақаҳоест, ки таҳти назари курдҳои Сурия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG