Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Мирзо: "Маро модарам ба роҳи дин ҳидоят кард" САДО


Ҳоҷӣ Мирзо.
Ҳоҷӣ Мирзо.

Модари рӯҳонии шинохтаи тоҷик Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, дар 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд.

“Падару бобоҳои модариам сайидзода буданд. Одами диндору қуръонхонро бисёр дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Домуллои маҳаллаамон, аз ҷумла Бобои Мулло Шарифро (манзур шоиру донишманд Сомеъ Одиназода ҳаст - РО) хоҳиш мекард, ки бачаи маро дарс диҳед. Мо аз замони мактабиамон дар пеши онҳо дарс мегирифтем. Медидам, ки онҳоро маош медод, маблағ медод”, - афзуд ӯ.

Ҳоҷӣ Мирзо: "маро модарам ба роҳи дин ҳидоят кардааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Ин рӯҳонии шинохта дар идома модарашро шабзиндадору Худотарс тавсиф кард ва гуфт, “беҳад дасти боз дошт. Панҷоҳ дарсади чизе, ки фарзандҳо ба хона меоварданд, ҳатман тақсим мекард. Мол ҳам дошт ва закот медод. Дар байни ҳамсояҳо насиҳатгари хуб ҳам буд.”

Ба қавли Ҳоҷӣ Мирзо, намози ҷанозаи модараш рӯзи панҷшанбеи 18-уми январ, пас аз пешин, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ҳудуди як сол қабл падари Ҳоҷӣ Мирзо дар шаҳри Душанбе аз дунё реҳлат карда буд.

Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имом-хатиби масҷиди “Ҳилоли Аҳмар”-и шаҳри Кӯлоб буд. Аз он замон то кунун расман дар масҷиде фаъолият намекунад, аммо ҳамчунон аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Баъзан суҳбатҳояш бо муҳоҷирон дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG