Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳиби рус бо ҷурми педофилия ба 14 соли зиндон маҳкум шуд


Рӯҳнии рус Глеб Грозовский
Рӯҳнии рус Глеб Грозовский

Як роҳиби калисои Ортодокси Русия аз шаҳри Приозерск, бо ҷурми педофилия ба муҳлати 14 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳи ин шаҳри шимолу ғарбии Русия ҳукми роҳиб Глеб Грозовскийро рӯзи 17 январ содир кард.

Ба гуфтаи додгоҳ Грозовский солҳои 2011 ва 2013 дар удругоҳи кӯдаконаи Ортодокс дар вилояти Ленинград ва Юнон, се духтари ноболиғро мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор дод.

Грозовский гуноҳи худро эътироф накард ва гуфт, ки парвандаи ӯ сохта буда, дар заминаи даъвои дохили калисо бар зари тақсими маблағҳои хайрия пайдо шуд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Глеб Грозовский соли 2013 боз шуд. Он замон Грозовский ба Исроил фирор кард вале баъдан бо тақозои додгоҳ ба Русия истирдод шуд.

XS
SM
MD
LG