Узбекистон барнома дорад, ки дар канори шоҳроҳҳои бузург ва кӯчаҳои ин кишвари дорои 30 миллион аҳолӣ, силсилаи масҷидҳои хурдро бунёд кунад.
Анвар Қорӣ Турсунов, Имоми аршади Тошканд рӯзи 15 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масҷидҳои хурд ба хотири таъмини ибодати панҷвақтаи мусалмонон бунёд мешаванд.
Як мақоми Кумитаи давлатӣ дар умури дин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин масҷидҳо ҳамчунин ниёзи сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои мусалмониро бароварда месозанд. Ӯ афзӯд, ки агар чунин дархост аз тарафи адюни дигар низ ироа шавад, ҳукумат хоҳиши онҳоро иҷро мекунад.
Мақомот мегӯянд, ки 22 масҷиди хурд базудӣ дар Тошканд бунёд мешавад.
Азиз Абдухолиқов, мақоми баландпояи соҳаи сайёҳӣ рӯзи 15 январ гуфт, ки бо ҳадафи ҷалби сайёҳони бештар аз давлатҳои мусалмонӣ, дар оянда утоқҳои 10 дар сади меҳмонхонаҳо бо китоби Қуръон таъмин мешаванд. Абдухолиқов ҳамчунин гуфт, ки дар 30 дар сади ҳуҷраҳои меҳмонхонаҳо қибла барои намозгузорон мушаххас хоҳад буд.
Дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки ки зимоми давлатро дар ин кишвари мусалмоннишин аз соли 1989 то замони маргаш дар даст дошт, мусалмонон аз камтарин ҳуқуқҳои мазҳабӣ бархурдор буданд.
Президент Шавкат Мирзиёев, ки баъди марги Каримов ба қудрат расид, бо ҳадафи берун кардани кишвараш аз инзиво, ислоҳотеро дар самти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба роҳ мондааст.