Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳониёни Покистон ҳамлаи интиҳориро "ҳаром" эълон карданд


Саҳнаи ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон
Саҳнаи ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон

Беш 1,800 рӯҳонии Покистон, аз ҷараёнҳои мухталифи исломӣ, бо нашри як фатво ҳамлаи интиҳориро амали "ғайри исломӣ" эълон карданд.

Ин рӯҳониён гуфтанд, ки аз рӯи таълимоти Исломӣ бомбагузории интиҳорӣ мамнуъ ва "ҳаром" аст

Фатвои рӯҳниён рӯзи 16 январ дар як китоб аз ҷониби президенти Покистон Мамнун Ҳусейн ва Донишгоҳи Давлатии Исломӣ муаррифӣ шуд.

Ҳусейн дар ин китоб навиштааст, ки ин фатво "пояи қавии эътидолро дар як ҷомеаи Исломӣ таъмин мекунад".

Покистон даҳсолаҳо боз аз ҳамлаҳои ҷангиёни Исломӣ заҷр мекашад. Ин гурӯҳҳо ба ҷонибдоронашон таълим медиҳанд, ки ҳамлагари "шаҳид" - и "ҷанги муқаддас" ҳисоб мешавад.

Мунаққидони хориҷӣ ва дохилӣ ҳукумати Покистон ва нерӯҳои амниятии ин кишварро ба ҳамкорӣ бо ҷангиёни Исломӣ муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки Покистон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва низомияш ин гурӯҳҳоро дар Афғонистону Ҳиндустон истифода мекунад.

Дар ҳоле, ки мақомоти Покистон ҳамлаҳои интиҳорӣ, махсусан вақте аҳолии мулкӣ кушта мешавад, ҳамчун амали фанатикӣ ва ғайринсонӣ маҳкум мекунанд, вале шӯришгарон ин шеваро силоҳи таъсирбахш мешуморанд.

XS
SM
MD
LG