Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев барои мулоқот бо Трамп ба Вашингтон рафт


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар доираи як сафари расмии серӯза вориди Вашингтон шуд. Дафтари матбуотии президенти Қазоқистон гуфт, ки қарор аст рӯзи 16 январ Назарбоев бо президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот кунад.

Дар чаҳорчӯби ин сафар иштироки президенти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар назар аст. Расонаҳои расмии Қазоқистон пештар хабар доданд, ки дар ҳошияи сафари Назарбоев ба Вашингтон раҳбарони ду кишвар мавзӯи шарикии стратегӣ ва созишномаҳои "чандмиллиарддолларӣ"-ро матраҳ мекунанд.

Кохи сафед низ бо тасдиқи ин хабар гуфт, раҳбарони ИМА ва Қазоқистон роҳҳои тақвият ва густариши шарикии стратегӣ, амнияти минтақаӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард. Ин ниҳод афзуд, ки дар суҳбати Назарбоеву Трамп аз ҷумла вазъи Афғонистон ҳам баррасӣ мешавад.

Хабаргузории расмии Қазоқистон пеш аз сафари президенти ба ИМА иттилоъ дод, ки Назарбоев дар гуфтугӯ бо Трамп муносибатҳо бо Русия, ҷанги Сурия ва масъалаҳои тиҷориро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG