Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори серб дар шимоли Косово кушта шуд


Пулиси Косово дар макони қатли Оливер Иванович
Пулиси Косово дар макони қатли Оливер Иванович

Оливер Иванович, раҳбари сиёсии сербҳои қавмӣ субҳи 16 январ дар назди дафтари кориаш дар шимоли Косово, қисмати шимолии шаҳри тақсимшудаи Митровитса, ки дар он теъдоди сербҳо бартар аз қавмҳои дигар аст, ҳадафи тир қарор гирифт.

Вакили Иванович - Небойша Влаҷич ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Иванович субҳи имрӯз дар пайи тирандозӣ кушта шуд.

Оливер Иванович президенти ибтикори шаҳрвандӣ бо номи "Озодӣ, Демократия ва Адолат" буд, ки дар интихоботи маҳаллии Косово, соли 2017 вориди сабқат шуд.

Ксения Бозович, ноиби президенти ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба думболи ҳамла пулис дар назди дафтари Иванович се тир пайдо кард.

Сарфи назар аз истиқлолияти Косово, Оливер Иванович солҳои 2008 то 2012 узви ҳукумати Сербистон ва Котиби Давлатии Белград дар умури Косово ва Метохия буд.

Додгоҳи Косово Оливер Ивановичро ба ҷинояти ҷанг алайҳи албаниҳои қавмӣ, солҳои 1998-99 маҳкум кард, аммо ҳукми додгоҳ лағв шуд ва Ивнович дар ҳоле мавриди суиқасд қарор гирифт, ки парвандаи ӯ дар додгоҳ бознигарӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG