Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигор хисороти маънавии Отамбоевро бо хонааш ҷуброн мекунад


Нурбек Сидиқов, намояндаи Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон рӯзи 15 январ аз додгоҳ талаб кард, ки барои ҷуброни хисороти маънавии Отамбоев дороиҳои вакили пешини порлумон Чолпон Ҷакупов ва рӯзноманигор Норин Айипро ба фурӯш гузорад.

Ба иддаои намояндаи Отамбоев ин ду нафар бо шарҳҳои худ дар сомонаи Zanoza.kg ба шарафу обрӯи Алмосбек Отамбоев латма заданд.

Намояндаи Отамбоев талаб дорад, ки коттеҷи Ҷакупов дар Иссиқкӯл ва хонаи Айип фурӯхта шаванд. Ба рӯзноманигор сеяки хона тааллуқ дорад. Санаи баррасии ин дархост дар додгоҳ ҳанӯз маълум нест. Пештар бо қарори додгоҳ ин хонаҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Моҳҳои марту апрели соли 2017 Додситони кулли Қирғизистон Индира Ҷолдубоева бо ироаи панҷ шикоят ба додгоҳ талаб кард, ки Zanoza.kg хисороти маънавии Алмосбек Отамбоевро бо 27 миллион сом (385 ҳазор доллар) ҷуброн кунад. Ҳоло муаллифони шарҳҳо из бояд хисороти президенти пеш инро ҷуброн кунанд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бо нигаронӣ аз шикояти зидди расонаҳо инро як навъи фишор ба озодии баён номиданд. Кормандони баъзе аз расонаҳо ба хотири кумак маоши якрӯзаи худро ба ҳисоби рӯзноманигорон гузаронданд.

XS
SM
MD
LG