Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд мақомдори Туркманистон бо айби фасодкорӣ


Пулиси Туркманистон дар назди дӯкони бозори марказӣ
Пулиси Туркманистон дар назди дӯкони бозори марказӣ

Мақомоти Туркманистон чанд мансабдори давлатӣ, аз ҷумла кормандони хадамоти амнияти миллиро бо айби фасодкорӣ боздошт карданд. Рӯзи дақиқи боздоштҳо маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки маъракаи мубориза бо фасод баъди соли нав оғоз шуд.

Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар вилояти Дашоғуз чанд афсари амниятро бо айби фасодкорӣ ва ҳамкорӣ бо фурӯшандагони маводи мухаддир боздошт кард.

Бархе манбаҳо аз Туркманистон хабар медиҳанд, ки кормандони хадамоти амният ва пулис аз фурӯши шаробҳои ғайриқонунӣ, сигор ва маводи мухаддир ҳимоят мекунанд.

Дар ҷараёни маъракаи мубориза бо фасод роҳбари нозироти андози ноҳияи Копетдаги Ишқобод ва чанд корманди дигари ин ниҳод низ боздошт шудаанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов охири соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои амнияти давлатӣ талаб кард, ки меъёрҳои мубориза бо фасод дар дастгоҳи давлатӣ татбиқ шаванд. Ахиран чанд додрас ва додситон аз мақом барканор ва бо айби фасодкорӣ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG