Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллии Қазоқистон ба асардуздӣ муттаҳам шуд


500 тангаи Қазоқистон
500 тангаи Қазоқистон

Аксбардоре аз Канада мегӯяд, ки Қазоқистон аксҳои бардоштаи ӯро дар пули миллиаш истифода кардааст. Кейт Тестер аз Онтарио посухи Бонки миллии Қазоқистонро мунтазир аст.

Аккосони хориҷӣ, ки даъвои ҳаққи муаллифӣ доранд, барои ҳифзи ҳуқуқи ҳамтои худ муттаҳид шудаанд.

Пештар аз ин, аксбардори швейтсарӣ Марсел Буркхард акси яке аз турнаҳо дар 500-тангаии Қазоқистонро моли худ эълон кард. Акнун аксбардори дигар аз Канада Кейт Тестер ҳам ба ин даъво ҳамроҳ шуд. Тестер мегӯяд, турнаи дигарро, ки дар пули миллии Қазоқистон нашр шудааст, ӯ аксбардорӣ карда буд. Суратгир аз Қазоқистон талаб дорад, ки ҳаққи муаллифиашро дар пули миллӣ эътироф кунанд.

Кейт Тестер мегӯяд, ин аксро 8-уми июни соли 2010 дар Канада бардошта буд. Бори аввал ин акс дар сомонаи Deviantart 24-уми июни соли 2010 нашр шуд.

Бонки миллии Қазоқистон иддаои асардуздиро рад мекунад ва мегӯяд, "аксҳое, ки дар пули миллӣ нашр шудааст, бо даст кашида шудаанд".

XS
SM
MD
LG