Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як масъули ширкати "Сомон-Эйр" муҷозот шуд


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» як кормандашро барои огоҳ накардани баъзе мусофирон аз парвози пеш аз муҳлат дар рӯзи 14-уми январи имсол муҷозот кард.

Рӯзи 14-уми январ чанд муштарии ширкати «Сомон Эйр» шикоят карданд, ки парвози аз рӯи нақша барномарезишудаи онҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс на дар вақти пешбинишуда, балки як соат пеш аз нақша анҷом шуд ва онҳо натавонистанд саривақт ба Хуҷанд ва Душанбе парвоз кунанд.

Ширкати ҳавопйамоии «Сомон Эйр» рӯзи 16-уми январ гуфт, дар ин маврид таҳқиқоти дохилӣ анҷом дод ва гунаҳкори ин вазъиятро мушаххас кард. Дар ширкат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақоми раҳбари маркази тамоси ширкат (call-center) поин оварда шудааст.

Илова ба ин, ба 5 мусофири хатсайри Душанбе-Хуҷанд ва 5 мусофири парвози Хуҷанд-Душанбе, ки дар бораи қабл аз мӯҳлат парвоз кардани ҳавопаймояшон ду рӯз пеш бехабар монданд, билети бепул пешниҳод мешавад.

Ширкати «Сомон Эйр» хабар дод, ки дар амри ислоҳи сифати хидматрасонӣ ба муштариҳо қарор аст дар фурсати наздик системаи пахши хабару огоҳиҳои СМС-ӣ ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG