Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Русия ва Туркия аз барномаи таъсиси нерӯҳои марозбони Курд


Нерӯи Пешмаргаҳои курд

Русия ва Туркия аз барномаи ИМА барои таъсиси нерӯи қавии 30 ҳазор нафарӣ аз ҳисоби ҷангиёни курд дар Сурия танқид карданд.

"Ийолоти Муттаҳида акнун эътироф кард, ки дар марзҳои кишвари мо артиши террор таъсис медиҳад",- гуфт президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 15 январ. "Вазифаи мо ин аст, ки ин артиши терроро қабл аз таваллуд шавад хафа кунем",- афзӯд раҳбари Туркия.

Ҳукумати Сурия таъсиси нерӯҳои марзбонро "ҳамлаи шадид ба истиқлолият, якпорчагӣ, ваҳдати Сурия ва нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ унвон кард.

Русия, ки дар тӯли ҷанги беш аз шашсолаи шаҳрвандӣ президент Асадро аз пуштибонии низомӣ ва дипломатӣ бархурдор кардааст, ҳушдор дод, ки ин метавонад ба фурӯпошии як қаламрави бузург дар марз бо Ироқ ва Туркия расонад.

"Ин масъала бисёр ҷиддӣ ва боиси нигаронӣ аст, зеро дар самти пора кардани Сурия қадам бардошта шуд",- гуфт Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия.

Эътилофи таҳти сарварии Ийолоти Муттҳаидаи Амрико, ки бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" мубориза мебарад, мегӯяд, ки ҳадаф дорад дар чанд соли оянда нерӯи амниятии марзбони иборат аз 30 ҳазор сарбозро таъсис диҳад.

Ин нерӯ қарор аст дар марзҳои таҳти назорати Нерӯҳои Демократии Сурия - шарики шибҳанизомиёни Араб ва Курд, ки дар он ВҲМ - Воҳидҳои ҳифозат аз мардум бартарӣ доранд, мустақар шавад. Анқара ВҲМ-ро созмони террорист мешуморад.

Эътилоф мегӯяд, ки ҳоло 230 нафар дар ҳоли тамрин қарор дорад.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG